Хайрулло Мирсаидов аз зиндон озод шуд

Додгоҳи марҳилаи кассатсионии Тоҷикистон Хайрулло Мирсаидов, рӯзноманигори маҳкумшуда ба 12 соли зиндонро аз маҳбас озод кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 22 авг — Sputnik. Додгоҳи вилояти Суғд дар мурофиаи пушти дарҳои баста ҳукми Хайрулло Мирсаидовро тағйир дода, озод намудааст. 

Тибқи иттилои ҷониби ҳимоя, додгоҳ нисбати Мирсаидов ҷарима дар ҳаҷми 80 ҳазор сомонӣ таъин намуда, муҳлати зиндонро бо корҳои ислоҳӣ иваз кардааст. Дар доираи корҳои ислоҳӣ Мирсаидов мебоист тайи ду сол 20 дарсади маошашро ба давлат пардохт мекард. Аммо бо назардошти муддате, ки ӯ дар ҳабс гузарондааст, барои ӯ танҳо пардохти ҷарима зарур дониста шудааст. 

Умеди оила ба озодии Мирсаидов: Маблағро додем

Мурофиа пушти дарҳои баста сурат гирифт. Қаблан додгоҳи кассатсионӣ яке аз се додрасро, ки дар мурофиаҳои қаблии Мирсаидов иштирок доштаст, иваз намуда буд. 

Ахиран оилаи Хайрулло Мирсаидов, рӯзноманигори маҳкумшуда ба 12 соли зиндон, 124 ҳазор сомониро ба фоидаи давлат пардохт карда буд. Тибқи изҳороти оила ва ҷониби ҳимояи Мирсаидов,  ин маблағ 12-уми июл ба сифати ҷуброни зиёне, ки аз ҷониби мақомоти тафтишотӣ муайян карда шудааст, ба давлат пардохт гардид.

Додгоҳ Хайрулло Мирсаидовро дар шоҳидии бардурӯғ, сохтакорӣ ва исрофи 124 ҳазор сомонӣ гунаҳкор дониста, ба 12 соли зиндон маҳкум карда буд. Мирсаидов баробари рӯзноманигорӣ, роҳбарии дастаи зарифони Тоҷикистонро ба уҳда дошт. Ӯ моҳи декабри соли 2017 баъди шикояташ аз фасодкории раиси раёсати Кумитаи кор бо ҷавонон дар вилояти Суғд боздошт гардид.