Раисҷумҳур дар намози ид ширкат кард

Башор Асад имрӯз - сешанбе намози иди Қурбонро дар масҷиди Ар -Равза, дар шаҳри Димишқ ба ҷо овард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 21 авг — Sputnik. Президенти Сурия Башор Асад дар намози иди Қурбон ширкат кард, хабар медиҳад "Парс тудэй".
Бино бар иттилои манбаъ, раиси ҷумҳурии Сурия дар ҳафтумин соли буҳрони кишвараш, дар намози иди саиди Қурбон ҳузур ёфт.

"Ба гузориши хабаргузории расмии Сурия (SANA), Башор Асад имрӯз — сешанбе намози иди Қурбонро дар масҷиди Ар —Равза, дар шаҳри Димишқ (пойтахт) ба ҷо овард", — гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Дар канори Асад, Муҳаммад Абдуссаттор, вазири авқоф, Аҳмад Бадруддин Ҳассун, муфтии кулли ҷумҳурӣ ва шуморе аз масъулони давлатии Сурия ҳузур доштанд.

Раисиҷумҳури Сурия соли гузашта намози иди Қурбонро дар масҷиди ҷомеи Билол, дар шаҳри Қора, дар Рифи Димишқ иқома карда буд.

Имрӯз, 21 август мусалмонони ҷаҳон иди Қурбон-яке аз ду иди бузурги исломиро таҷлил карданд. Иди Қурбон рӯзи 10-уми моҳи Зулҳиҷҷа таҷлил мешавад. Дар ин моҳ ҳамчунин мусалмонон барои адои маносики Ҳаҷ ба Арабистони Саудӣ мераванд.