"Кома"-и кӯдаки тоҷик баъди хатна дар хона

Хатнаи кӯдаки тоҷик дар шароити хона дар Маскави нав бо беҳушии кӯдак анҷомидаст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 21 авг — Sputnik. Юлия Иванова, ёвари сардори раёсати Кумитаи тафтишотӣ дар Маскав мегӯяд, ҳодиса 20-уми август рух додааст, ки дар натиҷа кӯдак ба "кома", ё худ ҳолати  беҳушӣ афтидааст.

Дар Рашт 80 кӯдакро ройгон хатна карданд

"Ҷарроҳии хатнаи кӯдак, соли таваллудаш 2016, дар шароити хона дар маҳаллаи Десеновскои "Маскави нав" гузаронда шудааст, ки дар натиҷа кӯдакро ларза ва шоки анафилактикӣ фаро гирифтааст. Ӯ дар ҳолати беҳушӣ ба беморхонаи шаҳрӣ оварда шудааст", — изҳор дошт Иванова.

Ба гуфтаи ӯ баъди расондани кӯмаки касбии тиббӣ кӯдак ба худ омад ва феълан вазъаш муътадил мебошад.

Волидони кӯдак гуфтаанд, устои хатнакунандаро ба онҳо шиносҳояшон тавсия додаанд.

Иванова таъкид кардааст, ки феълан муфаттишон ҳодисаро таҳқиқ доранд. Аз ҷумла доштани маълумоти тиббии нафари хатнакунандаро мавриди санҷиш қарор хоҳанд дод.