Созмони Милали Муттаҳид Гулмурод Ҳалимовро кушташуда эътироф накард

Созмони Милали Муттаҳид бо таҷдиди феҳрасти афроди таҳримшуда номи Гулмурод Ҳалимов, собиқ фармондеҳи "ОМОН"-и Тоҷикистонро дар он ҳифз кардааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 21 авг — Sputnik. СММ аз Ҳалимов, ки соли 2015 ба гурӯҳи террористии ДОИШ (мамнӯъ дар Тоҷикистон) пайваст, ҳамчун яке аз мақомдорони созмони террористӣ ном бурдааст.

Дар маҷмуъ феҳрасти СММ беш аз 250 шахсони инфиродию ҳуқуқиро фаро гирифтааст ва тибқи тартибот афроди боздошт ё кушташуда аз он хориҷ мешудаанд.

Шӯрои амният аз ҳамаи давлатҳо-аъзои СММ талаб мекунад, ки дархостҳои қатънома ва таъмини иҷрои таҳримҳоеро, ки созмон ба тасвиб расонидааст, амалӣ намоянд

Гулмурод Ҳалимов дар рӯйхати таҳримҳои Созмони Милали Муттаҳид

Таҳримҳо кишварҳои узви СММ-ро вазифадор мекунанд, ки дороиҳои ашхос ва муассисаҳои номбурдаро баста, ба сафарҳои онҳо ва намояндагонашон мамнуият гузоранд, ҳамчунин таҳрими аслиҳаро дар нисбати шахсони воқеӣ ва созмонҳои номбаршуда таъмин намоянд.

Ҳалимов — аввалин шаҳрванди Тоҷикистон аст, ки таҳти таҳримҳои Шӯрои амнияти СММ қарор дорад. Апрели соли 2015 ӯ ногаҳон нопадид гашт ва моҳи майи ҳамон сол дар Сурия пайдо шуду, тавассути як паёми видеоие эълон кард, ки ба ташкилоти террористии "Давлати исломӣ" пайвастааст.

Қаблан додгоҳи вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нисбати се хешовандони наздики Гулмурод Ҳалимови гуреза ҳукм бароварда буд.

Раҳимзода: То ҷое мо медонем, Гулмурод Ҳалимов кушта шудааст

"Ба Алӣ Ҳалимов, ҷияни Гулмурод Ҳалимов, ва бародаронаш Комилу Назир Ҳалимовҳо ҳукми додгоҳ дар шакли аз 7 то 18 соли маҳрумият аз озодӣ, бароварда шуд", — эълом карданд дар додгоҳ.

Дар авоили моҳи сентябри соли гузашта Вазорати мудофиаи Русия гузориш дода буд, ки дар шаҳри Дайр-аз-Зори Сурия, дар натиҷаи зарбаҳои ҳавопаймоии НҲК ФР, собиқ фармондеҳи ОМОН-и тоҷик Гулмурод Ҳалимов кушта шудааст.

Президенти Академияи мушкилоти геополитикӣ генерал-полковник Леонид Ивашов он замон изҳор дошта буд, ки "ин яке аз муҳимтарини воқеаҳои стратегӣ мебошад, ки рафти ҷангро шикаст медиҳад, ба ҷаҳонбинии ҷавонони ифротгарое, ки ҳам дар Русия ва ҳам дар Тоҷикистон ҳастанд, таъсири мусбии худро хоҳад расонд".

Коршиноси низомӣ, сармуҳаррири маҷаллаи "Натсионалная оборона" Игор Коротченко низ бар он бовар аст, ки "нобудсозии фармондеҳони аршади гурӯҳакҳои террористии "Давлати исломӣ" — шикасти ҷиддии равонӣ ва низомии террористон мебошад".