ДУШАНБЕ, 20 авг — Sputnik. Тибқи иттилоияи расмӣ, корхона дар ҷамоати Аличури ноҳияи Мурғоб аз ҷониби ширкати чинии "С.А-Минерализ" бунёд мегардад.
Шодихон Ҷамшед, раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, зимни баррасии бунёди ин корхона бо Чиан Лиан, мудири дафтари тоҷикистонии "С.А-Минерализ" изҳор доштааст, ки ин нахустин лоиҳаи калон дар минтақа мебошад.
"Корхонаи коркарди кони нуқраи Оқҷилгаи минтақаи Бозордараи водии Аличур яке аз нахустин иншооти истеҳсолии вилоят дар соҳаи саноати куҳӣ мебошад, ки дар оянда ба иктишоф, истихроҷ ва коркарди канданиҳои фоиданоки зеризаминӣ заминаи боэътимод мегузорад. Баъди пурра ба кор андохтани ин корхона садҳо нафар ҷавонони маҳаллӣ ба кор ҷалб карда шуда, шумораи бекорон ба маротиб коҳиш меёбад", —изҳор доштааст Шодихон Ҷамшед.
Созиш шудааст, ки иктишофу нақбканиро мутхассисони Саридораи геология якҷоя бо намояндагони ширкати "С.А.-Минирализ" анҷом медиҳанд.
Дар назар аст, корхонаи маъдантозакунии кони нуқраи Оқҷилга аз се коргоҳи алоҳида, аз ҷумла коргоҳи сангрезакунӣ тариқи тасмачарх, коргоҳи табдили санг ба хока ва дар ниҳоят коргоҳи коркарди унсурҳои асосии нуқра иборат хоҳад буд. Иқтидори корхона коркарди 300 тонна маъданро дар як шабонарӯз ташкил хоҳад дод.