Тоҷикистон 9,4 ҳазор гектарро барои сохтмони лӯлаи газ ба Чин ҷудо кард

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон қарор кардааст, ки 9 ҳазору 407 гектар замин муваққатан барои бунёди лӯлаи газ ба Чин ҷудо карда шавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 20 авг — Sputnik.Тибқи қарори Ҳукумат майдони замин аз шаҳри Роғун ва навоҳии Рӯдакӣ, Лахш, Нуробод ва Рашт барои 49 сол ба ширкати "Trans-Tajik Gas Pipeline Company Limited" дода мешавад.

Дар ин майдон аз ҷумла сохтмони нақбҳо барои лӯлаи газ пешбинӣ шуда, ширкат ҳуқуқ надорад ҳаққи истифодаи онро ба тарафи сеюм диҳад.

Тоҷикистон мехоҳад аз лӯлаи газ 3,5 миллиард доллар фоида бинад

Ҳукумат ширкати "Trans-Tajik Gas Pipeline Company Limited"-ро муваззаф кардааст, ки хисороти истифодабарандагони заминро пурра пардохт кунад ва инчунин ҷубронро ба буҷаи давлат барои аз гардиши кишоварзӣ берун мондани ин заминҳо ба маблағи  415 ҳазору 662 сомонӣ пардохт намояд.

Ин ширкат инчунин дастур гирифтааст, ки қабати ҳосилхези хокро тибқи тартиби муқарраршуда ҷамъ ва захира кунад.

Дар баробари ин роҳбарияти кишвар "Тоҷиктрансгаз"-ро муваззаф кардааст, ки мувофиқи салоҳдидаш дар муфофиқа бо Ҳукумат, мудирони бахши тоҷикистонии Шӯрои директорони ширкати Trans-Tajik Gas Pipeline Company Limited-ро таъину озод кунад. Ин ширкат инчунин дастур гирифтааст, ки ҳар моҳ ба Ҳукумат дар бораи иҷрои тарҳи лӯлаи гази "Тоҷикистон-Чин" гузориш диҳад.

Сохтмони қисмати тоҷикистонии лӯлаи гази Осиёи Миёна-Чин соли 2014 дар ҳузури Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамтои чинияш Си Ҷинпин оғоз шуда буд. Иттилоъ дода шуд, ки дарозии он беш аз 400 километрро ташкил дода,  татбиқи ин лоиҳа боиси ҷалби беш аз 3 миллиард доллари амрикоӣ сармояи мустақими Чин ба иқтисоди Тоҷикистон мегардад ва садҳо нафар бо ҷои кор таъмин мешаванд.

Ҳукумати Тоҷикистон қаблан воридоти таҷҳизот барои бунёди қисмати тоҷикистонии лӯлаи газ ба Чинро аз пардохти боҷи гумрукӣ ва андоз аз арзиши иловашуда озод карда буд.