Баъди норозигиҳо: Эмомалӣ Раҳмон андозро дубора поин бурд

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон қарори ҷадиди Ҳукумат дар бораи боло бурдани андози аксизии бархе аз маҳсулоти воридотӣ ва ватаниро тағйир дод
Sputnik

ДУШАНБЕ, 19 авг — Sputnik. Бар асоси қарори Ҳукумат, ки моҳи июни соли равон қабул гардида буд, андози аксизии маҳсулоти тамоку, оби ҷав, вино, спирт ва ҳатто об бояд чандин баробар боло мерафт.

Дар пайи интиқодҳо аз болоравии эҳтимолии нархи об дар шароити гармии тоқатфарсои Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ аз ин иқдом изҳори норозигӣ карда, онро бозбинӣ намудааст.

Дахолати раисиҷумҳур: андози об дар Тоҷикистон бозбинӣ мешавад

Тибқи тағйироте, ки бо имзои Эмомалӣ Раҳмон ҳафтаи гузашта ворид гардиданд, андози аксизии як литр оби ошомидании газдору бегаз аз 0,06 евро дубора ба 0,02 евро ва барои нӯшокиҳои ширин аз 0,09 евро ба нишондоди пешин-0,03 евро поин оварда шуд.

Инчунин андози аксизӣ барои вино низ аз 0,84 ба 0,50 евро ва спирт аз 4,1 ба 3,5 евро поин бурда шудааст.

Моҳи июни соли равон Ҳукумат қарор карда буд, ки андози аксизии як литр оби ҷав аз 0,10 ба  0,35 евро, 1 литр вино аз  0,25 ба 0,84 евро, спирти тоза аз 2,5 евро ба 4,1 евро, сигор аз  1 евро ба 9,8 евро барои 1000 дона боло бардошта шавад.

Интизор мерафт, ки  андози аксизии як литр оби ошомидании газдору бегаз аз 0,02 ба 0,06 евро  ва андози нӯшокиҳои ширин аз 0,03 ба 0,09 расонда шавад, ки боиси интиқоди бархе аз таҳлилгарону сокинон шуда буд. Таҳлилгарон ҳушдор доданд, ки ҷаҳиши якбораи андози аксизӣ аз оби ошомиданӣ дар шароити гармои шадиди Тоҷикистон афзоиши нархи обро дар пай дорад.