ДУШАНБЕ, 19 авг — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар паёмаш Кофи Аннанро марди бориз хонда, таъкид намудааст, ки ӯ барои густариши ҳамкории СММ бо Тоҷикистон пайваста талош доштааст.
"Тайи давраи фаъолияти худ дар ин маснади олӣ ҷаноби Кофи Аннан бо талошҳои пайвастааш дар ҷодаи ҳифзи сулҳу субот ва таъмини амният, инчунин татбиқи пайгиронаи ҳадафҳои рушди умум ҳамчун сиёсатмадори барҷастаи замони муосир дар арсаи байналмилалӣ маъруфият пайдо намуда, мақому манзалати хосаро соҳиб гардид", — омадааст дар барқияи раисиҷумҳури Тоҷикистон.
Эмомалӣ Раҳмон бо изҳори хотироти нек ва эҳтироми бузург нисбати шахсияти марҳум аз Гутерриш хоҳиш намудааст, ки тасаллияти амиқи ҷониби Тоҷикистонро ба наздикону пайвандони марҳум расонад.
Кофи Аннан 18 август дар синни 80-солагӣ дар Швейсария даргузашт.
Ӯ соли 1997 дабири кулли СММ интихоб шуда, даҳ сол созмонро роҳбарӣ мекард. Аннанро дар соли 2001 бо ҷоизаи Нобел сазовор донистанд.
Кофи Аннан пеш аз дабири кулл интихоб шуданаш, дар соли 1992 ёвари дабири кулли СММ ва дар соли 1993 муовини дабири кулл интихоб гардида буд.