Шавкат Мирзиёев Эмомалӣ Раҳмонро гусел кард

Сафари кории раисҷумҳури Тоҷикистон ба Узбакистон ба анҷом расид. Дар фурудгоҳ Эмомалӣ Раҳмонро Шавкат Мирзиёев шахсан гусел кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 18 авг — Sputnik. Сафари кории раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Узбакистон ба анҷом расид. Раисҷумҳур Раҳмонро аз фурудгоҳи байналмилалии Самарқанд президент Шавкат Мирзёев гусел кард, хабар медиҳад дафтари матбуотии раисҷумҳури Узбакистон.

Ёдрас мешавем, кишвардори Тоҷикистон пас аз 17 сол бори аввал бо сафари расмӣ 17 август вориди Тошканд шуд.

Дар рафти ин сафар ҷонибҳо 27 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд, ки муҳимтаринашро худи раисҷумҳури Тоҷикистон созишнома дар бораи ҳамкориҳои стратегӣ номид.