ДУШАНБЕ, 18 авг — Sputnik. Дар шаҳри Душанбе кормандони милиса якҷо бо кормандони додситонӣ ҷавони 19-соларо ба иттиҳоми содир кардани ҷинояти сӯиқасд ба куштор боздошт кардаанд.
Ин ҷавон сокини ноҳияи Қубодиён буда, дар яке аз нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе кор мекардааст.
"Номбурда, рӯзи 17-уми августи соли 2018, тахминан соати 03:30-дақиқа, ба ҳуҷраи хазинадори нуқтаи сӯзишвории мазкур, марди 25-солаи сокини ноҳияи Фархор ворид шуда, бо мақсади тасарруфи маблағи пулӣ ҳамла намуда, бо воситаи корд ба узвҳои ҳаётан муҳими номбурда, аз он ҷумла 5-маротиба ба қафаси сина ва ду маротибаи дигар ба рони пояш задааст", — гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.
Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шудааст.
Ҷавони муттаҳам боздошт ва парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.