Навори имзои даҳҳо санади ҳамкорӣ байни Тоҷикистону Узбакистон

Дар ҳузур ва ширкати сарони Тоҷикистону Узбакистон 26 санадди нави ҳамкорӣ ба имзо расид, ки муҳимтаринашро санади ҳамкориҳои стратегӣ гуфтаанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 17 авг — Sputnik. Дафтари матбуотии раисҷумҳури Узбакистон навори ба имзо расидани даҳҳо санади ҳамкориро аз ҷониби ҳайъатҳои Тоҷикистону Узбакистон ва сарони ду кишвар мунташир кард.

 

Тавре дао навор дида мешавад, байни ду кишвар дар умум 26 санади ҳамкорӣ ба имзо расидаст. Он маҷмӯи созишномаҳои ҳамкории соҳаҳои гуногун аз ҷумла, расонаҳо, академияи илм, кумитаи дин, фарҳанг,  адлия, кумитаи ҷавонон, маориф, геология ва ғайраҳоро дарбар мегирад.

Дар анҷом сарони ду кишвар изҳороти муштараки давлатҳо ва шартномаи ҳамкориҳои стратегиро ба имзо расониданд.

Пештар кишвардори Тоҷикистон шартномаи ҳамкориҳои стратегиро яке аз санадҳои муҳими имзошуда унвон карда буд.