Узбакистон дар Тоҷикистон 2 нерӯгоҳ месозад: масъалаи Сарезро меомӯзем

Шавкат Мирзиёев, раҳбари Узбакистон гуфт, кишвараш дар бунёди ду нерӯгоҳ дар Тоҷикистон иштирок хоҳад кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 17 авг — Sputnik.  Мирзиёев дар пайи гуфтушунид бо ҳамтои тоҷикистонияш Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт,  ки Узбакистон дар сохтмони ду нерӯгоҳ дар дарёи Зарафшон бо иқтидори 320 МВт дар қаламрави Тоҷикистон иштирок хоҳад кард.

Раисиҷумҳури Узбакистон гуфтааст, масъалаи истифодаи муштараки оби тозаи кӯли Сарезро низ меомӯзанд.

Ӯ таъкид намудааст, ки дар ҳамкории минтақавӣ сохтмони иншооти гидроэнергетикӣ масъалаи хеле ҷиддӣ хоҳад буд.