Раҳмон хостори шароити мусоид барои диаспораи тоҷикон дар Узбакистон шуд

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқот бо Шавкат Мирзиёев, раисиҷумҳури Узбакистон хостори шароити мусоид барои диаспораҳои тоҷикону узбакҳо дар қаламрави ҳамдигар шудааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 17 авг — Sputnik.  Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, дар мулоқот бо Мирзиёев масъалаи фаъолияти диаспораҳои ду кишварро ба миён гузоштааст.

"Умумияти таъриху анъанаҳо ва ҳамсоягии мардумони мо муносибатҳои зичи фарҳангию гуманитариро аз қабл муқаррар кардаанд. Диаспораҳое, ки дар Тоҷикистон ва Ӯзбекистон зиндагӣ мекунанд, ба муносибатҳои мо хусусияти махсус медиҳанд. Дар робита ба ин, ҷанбаи муҳими ҳамгироӣ дар соҳаи гуманитарӣ фароҳам овардани шароити мусоид барои аъзои иттиҳодияҳои диаспораи кишварҳоямон мебошад" — изҳор доштааст раисиҷумҳури Тоҷикистон.

Гуфтушунид дар Тошканд: Мирзиёев гуфт, эътимоди сиёсӣ мушкилоти чандсоларо ҳал кард

Ӯ таъкид намудааст, ки равобити мутақобилаи Тоҷикистону Узбакистон аз муносибатҳои ҳамҷаворию қаробати халқҳои мо, дӯстии бисёрасра ва эҳтироми мутақобила сарчашма мегиранд.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон миёни ҳамаи ҳуҷҷатҳои тарафайн Созишнома дар бораи ҳамкории шарикии стратегиро аз ҳама муҳим хонда, таъкид намудааст, ки ин санад муносибатҳои ду кишварро ба сатҳу сифати нав мебарорад.

"Ин тадбир ҳамчун рӯйдоди таърихӣ бозгуйи ҷаҳду талошҳои самимии мо барои таҳкими дӯстии абадӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон мебошад", — гуфтааст Эмомалӣ Раҳмон.

Дар идома Эмомалӣ Раҳмон аз ду баробар боло рафтани ҳаҷми гардиши мол давоми солҳои охир изҳори қаноатмандӣ карда, пешниҳо днамудааст, ки барои дастгирии минбаъдаи ин тамоюл бояд соҳаҳои тиҷорати ду кишвар диверсификатсия карда шавад. Барои беҳтар намудани шароити фаъолияти сармоягузорони тоҷику ӯзбек бошад, ҳамгироии амиқ лозим аст, гуфтааст раисиҷумҳури Тоҷикистон.

Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон илова намуд, ки дар мулоқот  ҳамкориҳо дар бахши  нақлиёт, ҳамкорӣ дар сатҳи минтақавӣ, истифодаи маҷмӯи захираҳои обу энергетика, амният ва мудофиа, инчунин равобити фарҳангӣ ва гуманитариро баррасӣ шуданд.

Инчунин  ҷонибҳо мавзӯи таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосирро, ки ба амнияти минтақавию байналмилалӣ халал ворид месозанд, муҳокима кардаанд.