Шаҳрдори собиқи Конибодом Бибихон Азизова даргузашт

Раиси пешини шаҳри Конибодом Бибихон Азизова субҳи имрӯз, 17 август дар зодгоҳаш шаҳри Конибодом вафот кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 17 авг — Sputnik. Имрӯз марги бемаҳал аз байни мо яке аз шахсиятҳои барӯманд, фарзанди сарсупурдаи диёр,  ходими ҳизбиву давлатӣ Бибихон Азизоваро даррабуд, хабар медиҳад дафтари матбуотии Ҳукумати шаҳри Конибодом.

Бибихон Азизова фаъолияти меҳнатии хешро дар Иттиҳодияи дӯзандагии шаҳр (собиқ "Швеймеспром") оғоз намуда, минбаъд дар вазифаҳои сардори сехи дӯзандагӣ, котиби ташкилоти ҳизбӣ ва муовини сармуҳандиси иттиҳодия заҳмат кашидаанд. Ӯ дар соли 1986 ба вазифаи директори комбинати хизмати маишии "Муҳайё" таъин мегардад.

Бибихон Азизова аз моҳи апрели соли 1996 то моҳи январи соли 2004 вазифаи шаҳрдории Конибодомро иҷро намудааст.

"Зикр кардан бамаврид аст, ки маҳз тӯли он солҳо бунёду сохтмони як қатор иншоотҳои иҷтимоӣ, иҷрои сарбаландонаи нақшаҳои истеҳсолӣ, рушди соҳаи кишоварзӣ, дастовардҳои беназири пахтакорони шаҳр, дар маҷмӯъ ҳамаи муваффақиятҳои шаҳр бо номи Бибихон Азизова пайванду алоқамандӣ доштанд", — менависад дафтари матбуотии Ҳукумати шаҳр.

Давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ  Бибихон Азизоваро  бо унвони "Корманди шоистаи Тоҷикистон", ордени "Нишони Фахрӣ", Ифтихорномаи Раёсати Шӯрои Олии Тоҷикистон, медали "Барои меҳнати шоён" ва ифтихорномаву сипосномаҳо қадр намудааст. Марҳум ҳамчунин, тӯли солҳои 2000-2005 узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба аҳли хонавода, наздикону пайвандон ва дӯстону шогирдони марҳум ҳамдардии амиқ изҳор намудааст.