ДУШАНБЕ, 17 авг — Sputnik. Бино ба иттилои вазорати фарҳанги Тоҷикистон, театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар моҳи октябри соли 2018 дар Фестивали театрҳои касбӣ, ки ба ифтихори 90-солагии Чингиз Айматов дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон баргузор мегардад, ширкат хоҳад кард.
Манбаъ таъкид намудааст, ки театри мазкур тасмим гирифтааст дар ин фестивал намоишномаи "Қиёмат"-ро аз рӯи асари Чингиз Айматовро намоиш диҳад.
"Дар ҳоли ҳозир ҳайати эҷодии театри мазкур намоишномаи "Қиёмат"-ро аз рӯи асари Чингиз Айматов дар коргардонии Парвиз Раҷабов тамрин дорад", — гуфт манбаъ.
Дар намоишномаи "Қиёмат" ҳунарпешаҳои халқии Тоҷикистон Аловуддин Абдуллоев, Меҳринисо Ҳоҷибоева, ҳунарпешаҳои шоистаи Тоҷикистон Муҳаммад Шомиддинов, Қурбонмуҳаммад Шукуров ва чанде аз ҳунармадони ҷавони театр нақшофарӣ мекунанд.