Кишвардори Тоҷикистон бо ҳайъати калони расмӣ имрӯз ба Узбакистон сафар кард. Дар фурудгоҳи Тошканд ба номи Ислом Каримов раисҷумҳурро шахсан президенти Узбакистон Шавкат Мирзиёев пешвоз гирифтанд. Барои пешвози кишвардори Тоҷикистон ҳайъати ҳунармандон низ баромаданд. Кӯдакони узбек дар васфи дӯстӣ ба кишвардори Тоҷикистон шеър қироат карданд.
Интизор меравад, дар рафти ин сафар сарони кишварҳо масъалаҳои муҳими рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Узбакистонро баррасӣ кунанд.
Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳрҳои Тошканд ва Самарқанд дидан мекунад.