Пешвози пуршукӯҳ: Мирзиёев шахсан ба пешвози Раҳмон баромад (АКС)

Эмомалӣ Раҳмон бо даъвати Шавкат Мирзиёев, имрӯз 17 август вориди Тошканд шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 17 авг — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро президенти Узбакистон Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳи Тошканд шахсан пешвоз гирифт.

Дар ин бора дафтари матбуотии раисҷумҳури Узбакистон хабар медиҳад.

"Дар фурудгоҳи байналмилалии Тошканд ба номи Ислом Каримов меҳмони олиқадр Эмомалӣ Раҳмонро раисҷумҳур Шавкат Мирзиёев пешвоз гирифт", — гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Пешвози раисҷумҳури Тоҷикистон дар Тошканд

Дафтари матбуотӣ афзудааст, баъди пешвоз раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар майдони "Истиқлолият" гулчанбар гузошт.

Ёдрас мешавем, имрӯз кишвардори Тоҷикистон бо сафари дурӯза вориди Тошканд шуд. Дар ин сафар раисҷумҳурро ҳайъати калони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.