Қарори таърихии раисиҷумҳур: Иди Қурбон се рӯз таҷлил шавад

Шавкат Мирзиёев, раисиҷумҳури Узбакистон қарор кардааст, ки Иди Қурбон се рӯз таҷлил шавад, ки нахустин бор дар таърихи ин кишвар мебошад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 16 авг — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати адлияи Узбакистон рӯзи нахустини Иди Қурбон дар ин кишвар аз ҷониби Раёсати мусалмонҳо 21 август муқаррар шуд ва узбекистониён ба муносибати иди мусалмонҳо се рӯз истироҳат хоҳанд дошт. Рӯзҳои 21-23 август дар Узбакистон истироҳатӣ эълон шудаанд.

Шавкат Мирзиёев мақомоти Узбакистонро муваззаф кардааст, ки барои таҷлили Иди Қурбон дар маҳалҳо тамоми чораҳоро андешанд.

То ҳол Иди Қурбон дар Узбакистон, ки беш аз 90 дарсади аҳолияш мусалмон мебошанд, танҳо як рӯз таҷлил мешуд.  Иди Рамазон низ имсол дар Узбакистон барои нахустин бор се рӯз — 15 то 17 июн таҷлил гардид.