Пеши хона: ронандаи "Порше-Кайне" Нозияи сесоларо зер кард

Мақомоти умури дохилии Тоҷикистон аз ҳодисаи нохуши маргбор дар шаҳри Душанбе хабар доданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 16 авг — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати умури дохилӣ, шоми 15-уми август, ронандаи "Порше-Кайне" духтарчаи сесоларо дар пеши хонаи истиқоматӣ зер кардааст.

"Ронанда Бобоев Шавкатҷон Паҳлавонович, соли таваллудаш 1984, сокини кӯчаи Зарафшони пойтахт, ҳангоми ҳаракат бо "Порше-Кайне" дар зеркӯчаи Зарафшон, дар рӯ ба рӯи бинои истиқоматӣ пиёдагарди ноболиғ Шарипова Нозия Ҷамшедовна, соли таваллудаш 2015, сокини кӯчаи мазкурро пахш намудааст", —омадааст дар иттилоияи ВУД.

Манбаъ афзуд, ки дар натиҷа ноболиғ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар роҳ ба беморхона ҷон додааст.

ВУД таъкид кард, ки феълан таҳқиқи ин ҳодиса идома дорад.