ДУШАНБЕ, 15 авг — Sputnik. Тибқи иттилои Хадамот сӯхтор шаби 14 август, соати 24, анбори бозори марказии шаҳри Кӯлобро фаро гирифт.
Хабаргузории давлатии "Ховар" аз қавли Ҳокимшо Назаров, сардори Хадамоти оташнишонии шаҳри Кӯлоб хабар дод, ки анборро барқасдона мудири он оташ задааст.
"Муайян гардид, ки бо сабабҳои номаълум мудири анбори бозор аввал анборро холӣ карда, сипас барқасдона онро оташ задааст", — изҳор доштааст Назаров.
Ӯ афзудааст, ки баъди қабул намудани бонги сӯхтор фавран 5 нақлиёти сӯхторхомӯшкунӣ ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда, соати 24:15 онро пурра хомӯш карданд.
Манбаъ изҳор доштааст, ки барои халал нарасонидан ба корҳои тафтишотӣ бозори мазкур муваққатан, то соати 12 баста шуда, баъди он ба фаъолият оғоз намуд.
Мақомот мегӯянд, феълан тафтишот идома доранд.