Марзбандии Тоҷикистон баъди ҳамлаҳои Толибон

Мақомоти марзбонии Тоҷикистон муваққатан гузаргоҳи "Кокул" бо Афғонистон дар 300 километрии шаҳри Душанберо бастаанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 15 авг — Sputnik. Дар ин бора Муҳаммад Улуғхоҷаев, сухангӯи мақомоти марзбонии Тоҷикистон иттилоъ дода, афзуд, ки вазъи марз бо Афғонистон муътадил буда, комилан таҳти назорат қарор дорад.

Улуғхоҷаев афзуд, ки мақомоти Тоҷикистон авзои Афғонистонро пайгирӣ доранд.

Қаблан ҷангҷӯёни Толибон минтақаи Ойхонуми ҳаммарз бо ноҳияи Фархорро ишғол карданд. Тайи рӯзҳои охир Толибон шаҳри Ғазнӣ, ноҳияи Бағлони Марказиро ҳадафи ҳамла қарор доданд, ки дар натиҷа садҳо нафар, аз ҷумлаи ҷангҷӯёни Толибон, нерӯҳои амниятӣ ва мардуми мулкӣ ҷон доданд.