Боздошти ду мард бо 223 санги Лаъл, Ёқут ва Зумрад

Вазорати умури доохилии Тоҷикистон аз боздошти ду мард иттилоъ дод, ки дар муомилоти ғайриқонунӣ бо сангҳои қиматбаҳо муттаҳам мешаванд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 15 авг — Sputnik.  Тибқи иттилои дафтари матбуоти ВУД, дар пайи як амалиёт шоми 10-уми август,  сокини  45-солаи шаҳри Душанбе ва истиқоматкунандаи 42-солаи ноҳияи Рӯдакӣ дастгир шуданд.

Боздошти қочоқбари сангҳои қиматбаҳо дар Тоҷикистон

Манбаъ мегӯяд, дар пайи кофтукоби шахсӣ аз боздоштшудагон 29 адад Ёқути сурх — 214,28-грам, 113 адад Зумруд —  16,9-грам,  81 адад Лаъл — 84,51-грамм дарёфт гардид.

ВУД бо такя ба маълумотномаи Нозироти давлатии иёргирии назди Вазорати молияи Тоҷикистон теъдоди умумии сангҳои қиматбаҳоро 223 адад, вазнашон 315,69-грам ва нархашонро 63 ҳазору 972 сомонӣ арзёбӣ кардааст.

Манбаъ афзудааст, ки инчунин, аз муттаҳамон 9-адад сангҳои "Клиногумит", 33адад сангҳои "Турмалин" ва 5-адад сангҳои "Корунд", дарёфт ва гирифта шуд.

ВУД таъкид кардааст, ки феълан тафтиши ин ҳодиса идома дорад.