Ман ронандаи таксӣ, савор шав: роҳзании шабонаи ҷавонон дар Душанбе

Мақомоти умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти ду ҷавон, сокинони шаҳри Душанбе хабар доданд, ки дар латукӯб ва ғорати марди мусофир муттаҳам мешаванд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 15 авг — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати умури дохилӣ ба мақомоти корҳои дохилӣ дар ноҳияи Сино-2 марди 35-сола, сокини ноҳияи Айнӣ муроҷиат карда, арз доштааст, ки 13-уми августи соли 2018, тахминан соати 23:00, шахси номаълум дар кӯчаи Н.Махсум, собиқ бозори "Зарнисор"-и шаҳри Душанбе худашро ронандаи кирокаш дар масири шаҳри Ҳисор муаррифӣ намуда, ӯро ба мошинаш савор кардааст.

Марди муроҷиаткунанда изҳор доштааст, ки ронанда бо ҳамроҳии рафиқонаш ӯро ба автомашинаи тамғаи "Мерседес-Бенс" савор карда, бо роҳи байни биноҳои истиқоматӣ ба кӯчаи Зарафшон оварда, лату кӯб намудаанд.

"Сипас бо корд номбурдаро таҳдид намуда, аз ӯ бо роҳи зӯроварӣ 470-сомонӣ, 2-адад телефонҳои мобилии тамғаи "Алкател" ва "Сони Эрексон"-ро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд", —иттилоъ дод ВУД.

Мақомоти умури дохилии Тоҷикистон мегӯянд, бо иттиҳоми даст доштан дар ин ҷиноят, марди 21-сола, сокини шаҳри Душанбе, ки пеш барои дуздӣ суд шудааст ва марди 22-сола, сокини пойтахт боздошт гардиданд.

Боздоштшудагон дар содир намудани ҷинояти роҳзанӣ муттаҳам мешаванд. Маъмурини милиса мегӯянд, амалиёт барои муайян ва дастгир намудани ду ҳаммаслаки дигари ҷинояткорон идома дорад.