Фармони раисҷумҳур: аз "кумитаи оид ба дин" "оид" бардошта шавад

Ҳамчунин ба номи расмии дигар шӯъбаҳои кумита, ки калимаи "оид" дошт, тағйирот ворид шуда, ин вожа бардошта мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 14 авг — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуотии Кумитаи умури дини Тоҷикистон, дар номи расмии ин кумита "Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" бо фармони раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тағйирот ворид карда шуд.

Бино бар иттилои манбаъ, аз ибораи "кумита оид ба дин" калимаи "оид" гирифта мешавад.

"Ҳамин тавр, дар асоси  фармони президенти  Тоҷикистон аз 8-уми августи соли 2018 номи "Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" мутаносибан ба "Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шуд", — гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Тибқи ҳамин фармон минбаъд номи зерсохторҳои Кумита — "Шӯъбаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ" ба "Шӯъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим" ва "бахш оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ" ба "бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросим" иваз карда мешавад.