Терорист Абӯбакр ал-Бағдодӣ мансабашро аз даст дод

Бино ба иттилои баъзе аз манбаъҳои мақомоти амниятӣ, Абӯбакр ал-Бағдодӣ роҳбари гурӯҳи терористии ДОИШ, "бистарӣ шуда, тавони роҳбарии гурӯҳро надорад"
Sputnik

ДУШАНБЕ, 14 авг — Sputnik. Роҳбари гурӯҳи терористии дар Тоҷикистон мамнӯи "Давлати исломӣ" Абӯбакр ал-Бағдодӣ, баъди ҷароҳати вазнин бардоштан, бистарӣ шуда, роҳбарии гурӯҳро қариб аз даст додааст, хабар медиҳад шабакаи телевизионии "ас-Сумария" дар истинод ба яке аз манбаъи амниятии Ироқ.

Ба иттилои манбаъ, ал-Бағдодӣ моҳи июни соли равон зимни як ҳамлаи нерӯҳои ҳавоии Ироқ ба яке аз деҳаҳои Сурия, ки таҳти идораи ДОИШ буд, захмӣ шуд.

Ҳавопаймоҳои ҷангии Ироқ ба яке аз мавзеъҳои терористон ҳамла карданд, ки дар пайи он чандин терорист кушта ва ҷароҳат бардошт. Дар ин ҳамла ал-Бағдодӣ низ сахт ҷароҳат бардоштааст.

Видеои "ДОИШ" барои исботи ҳамлааш дар Данғара: байъати 5 ҷавони тоҷик ба Бағдодӣ

Гуфта мешавад,  роҳбари гурӯҳи террористӣ бистарӣшуда, наметавонад аз ӯҳдаи идораи гурӯҳаш барояд.

Ба ҳамин далел ба ҷойи ал-Бағдодӣ ба мақоми роҳбарии гурӯҳи терористӣ Абуусмон ат-Тунисӣ ном терористи дигаре таъин шудааст.

Ат-Тунусӣ зодаи Тунис буда, ба гуфтаи расонаҳои хабарии Ироқ, тундравҳои ин кишвар роҳбари навро напазируфтаанд ва мухолифи таъиноти ӯ шуданд.

Дар солҳои ахир хабари қатли ал-Бағдодӣ борҳо эълон шуда буд, аммо ин хабарҳо тасдиқи худро наёфтанд.

Мендкович: гурӯҳҳои хобидаи ДОИШ дар Тоҷикистон ба иқтисодиёти кишвар зарба заданд

Чанд моҳ пеш, Абуалӣ ал-Басрӣ роҳбари хадамоти аманият ва мубориза бо тероризми Ироқ эълон кард, ки Бағдодӣ зиндаааст ва дар кӯҳҳои Ҳиҷини вилояти Дейр-эз-Зури Сурия паноҳ бурдааст.

Номи аслии ал-Бағдодӣ Иброҳим Авад Иброҳим ал-Бадрӣ буда, ӯ  соли 2014 дар масҷиди Мосул дар бораи ташкилёбии "Халифати исломӣ" эълон кард.