Фармони нави раисҷумҳури Тоҷикистон ба имзо расид

Фармони кишвардори Тоҷикистон дар бораи зиёд намудани маоши ходимони давлатӣ, кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия ба имзо расид
Sputnik

ДУШАНБЕ, 14 авг — Sputnik. Фармони навбатии раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таҳти рақами 1084 ба имзо расид, хабар медиҳад дафтари матбуотии ратсҷумҳури Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манбаъ, тибқи фармони раисҷумҳур, дар Тоҷикистон аз 1 сентбяр ҳаҷми маоши ходимони давлатӣ, кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ, нафақа ва стипендия зиёд карда мешавад.

Ҳамин тавр, маоши кормандони соҳаи маорииф, тандурустӣ, фарҳанг, ҳифзи иҷтимоӣ, идораҳои давлатӣ, мақомоти судӣ, доситонӣ ва ҳифзи ҳуқуқ, стипендия 15 дар сад зиёд карда мешавад.

Музди изматчиёни ҳарбӣ, ҳайати шахсии қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ, мақомоти прокуратура ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба андозаи 10 фоиз баланд хоҳад шуд.

"Андозаи ҳадди ақали нафақа аз рӯи синну сол ва нафақаи заминавӣ 15,4 фоиз ва андозаи ҳадди ниҳоии нафақаи меҳнатӣ аз рӯи синну сол 13,5 фоиз зиёд карда шуда, мутаносибан ба андозаи 180 сомонӣ ва 850 сомонӣ муқаррар карда шаванд", — гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Афзун бар ин, андозаи нафақаҳои меҳнатии амалкунандаи нафақагироне, ки кор намекунанд (ба истиснои аъзои хоҷагиҳои деҳқонӣ), ба андозаи 30 фоизи ҳадди ақали нафақа аз рӯи синну сол зиёд карда шуда, андозаи нафақаҳои иҷтимоӣ аз рӯи синну сол (ба ғайр аз модароне, ки даҳ фарзанд таваллуд намуда, онҳоро то синни ҳаштсолагӣ тарбия намудаанд), аз рӯи маъюбӣ барои маъюбони гурӯҳҳои II ва III (ба ғайр аз маъюбони гурӯҳи II аз овони кӯдакӣ) ва барои маҳрум шудан аз саробон60 фоизи ҳадди ақали нафақа аз рӯи синну сол муқаррар карда мешавад.

Ин фармони раисҷумҳур, имрӯз, 14 август дар сомонаи расмии президенти Тоҷикистон мунташир шудааст.