Рӯзи таҷлили иди Қурбон дар Тоҷикистон муайян шуд

Утренняя молитва в мечети в городе Душанбе
Намози ид дар тамоми масоҷиди кишвар соати 06:30 барпо карда мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 14 авг — Sputnik. Рӯзи таҷлили иди Қурбон дар Тоҷикистон муайян шуд, хабар медиҳад ТоҷикТА.

Бино бар иттилои манбаъ, иди Қурбон имсол дар Тоҷикистон 21 август фаро мерасад.

"Намози ид дар тамоми масоҷиди Тоҷикистон соати 06:30 барпо мешавад", — гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Айни замон маҷлиси шӯрои уламои Тоҷикистон баргузор мешавад, афзудааст манбаъ.