Барои манзил: ҷузъиёти аз дасти ҳамсар кушта шудани Элмурод

Зан ба шавҳараш доруҳои мадҳушкунанда дода, вақти хоб будани Элмурод ба сараш чанд маротиба бо санг задааст. Сипас ҷасади ӯро дар кунҷи хонаи хобаш дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе гӯр карда, аз болояш семент рехтааст. Баъди ин қазия Бунёда хонаро мефурӯшад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 13 авг — Sputnik. Раёсати Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ҳодиса аз дасти ҳамсар кушта шудани шавҳарро дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе тавзеҳ дод: Бӯриева Бунёда, зани 34-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ ду сол пеш ҳамсараш Бегалиев Элмуродро бо сангу дору кушта, дар ҳуҷраи хобаш гӯр кардаааст.

Бино бар иттилои манбаъ, Бунёда сараввал ба ҳамсараш доруҳои мадҳушкунанда дода, вақте ки хоби Элмурод мебарад, ӯро ба санг зада, ба ҳалокат расонида, гӯр кардааст.

Ба иттилои ВУД, дар соли 2016 Бегалиев Бунёд чун беному нишон гумшуда, дар ҷустуҷӯ эълон шуда буд. Аммо кормандони милисаи Душанбе баъди тафтишот ҳодисаро ошкор карданд: аз зери девори ҳуҷраи хоби манзили пешини зану шавҳар бозмондаи ҷасади шавҳари марҳум пайдо шудааст.

Гуфта мешавад, Бунёда пас аз ин ҳодиса манзили шавҳарашро фурӯхта, то боздошт шуданаш дар ноҳияи Рӯдакӣ истиқомат доштааст.
Додситонии кулли Тоҷикистон аз рӯйи ҳодиса бо моддаи 104 Кодекси ҷиноӣ парвандаи ҷиноӣ боз карда, тафтишот идома дорад.