Барқияи таслияти Эмомалӣ Раҳмон ба Владимир Путин

Муҳтарам Владимир Владимирович, тасаллияти амиқи моро қабул фармоед. Хоҳишмандам эҳсоси ҳамдардӣ ва суханони тасаллобахши тоҷикистониёнро ба наздикону пайвандони фавтидагон расонед
Sputnik

ДУШАНБЕ, 13 авг — Sputnik. Имрӯз раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар пайи қазияи ҳалокати се кӯҳнаварди рус дар садамаи чархбол дар Лахш  ба президенти Русия Владимир Путин барқияи тасаллият ирсол намуд. Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар медиҳад.

Бино бар иттилои манбаъ, Эмомалӣ Раҳмон дар барқия ба Владимир Путин изҳор дошт, ки аз хабари ҳалокати кӯҳнавардон андӯҳгин аст.

"Муҳтарам Владимир Владимирович. Хабари фоҷеабори ба ҳалокат расидани шаҳрвандони Русияро бар асари нишасти дурушти чархбол бо кӯҳнавардон дар минтақаи кӯҳии Тоҷикистон бо эҳсоси андӯҳи амиқ дарёфтем", — изҳор доштааст раисҷумҳур.

Комиссияи ҳукуматӣ аз ҳисоби роҳбарони вазорату идораҳои дахлдори Тоҷикистон барои муайян намудани сабаб ва ҳолати ҳодисаи фавқулода, ки боиси талафоти ҷонӣ гардид, тамоми тадбирҳои заруриро меандешад, афзудааст президент Раҳмон.

Эмомалӣ Раҳмон аз Владимир Путин хоҳиш кардааст, ки тасаллияти амиқи раисҷумуҳури Тоҷикистонро ба пайвандони фавтидагон расонад.

"Хоҳишмандам эҳсоси ҳамдардӣ ва суханони тасаллобахши тоҷикистониёнро ба наздикону пайвандони фавтидагон расонед", — гуфтааст дар анҷом раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.

Ёдрас мешавем, пештар хабар дода шуд, ки дар пайи садамаи чархболи кӯҳнавардон дар минтақаи Лахш ду сарнишин ва се кӯҳнавард-шаҳрвандони Русия ба ҳалокат расидаанд. Ба иттилои КҲФ тибқи маълумоти пешакӣ далели садамаи чархбол ҳавои номусоил гаштааст.