Маълумот надорем: Ҳикматуллозода дар бораи ба ҷамъияти саҳомӣ табдил ёфтани ТАЛКО

Ва гуфтаи вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ширкати ТАЛКО барномаи пурра навсозии истеҳсоли алюминиро ба роҳ монданист, ки дар натиҷаи он фаъолияти ширкат ба маротиб самарабахш мешавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 11 авг — Sputnik. Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода дар сӯҳбат бо хабаргузории РИА Новости ба ҷамъияти саҳомӣ табдил ёфтан ва ё наёфтани ширкати алюминии тоҷик ТАЛКО-ро тавзеҳ дод.

Хабарнигори РИА Новости аз ҷаноби вазир пурсидааст, оё маълумоти то соли 2021 ба ҷамъияти саҳомӣ табдил ёфтани ТАЛКО рост аст ё не.

"Маълумот ҳаст, ки Ҳукумати Тоҷикистон то соли 2021 ТАЛКО-ро ба ҷамъияти саҳомӣ табдил медиҳад. Шумо дар ин маврид чӣ гуфта метавонед?", — пурсон шудааст хабарнигор.

Дар посух Ҳикматуллозода гуфтааст, ки вазорат ин гуна маълумотро надорад, аммо ширкат нақша дорад истеҳсоли алюминиро босамартар гардонад.

"Дар мо чунин маълумот нест. Аммо дар масъалаи истиҳсоли босамари алюминӣ бояд қайд кард, ки дар соли 2018 Ширкати алюминии тоҷик барномаи марҳила ба марҳила ва пурра навсозии истеҳсоли алюминро ва ба роҳ монд",- тавзеҳ додааст вай.

Ба гуфтаи ҷаноби вазир, тибқи барнома ширкат бо технологияи навин муҷаҳҳаз хоҳад гашт.

"Насби наҷҳизоти замонавӣ имкон медиҳад, ки қувваи барқ то се баробар сарфа шавад. Албатта ин ба арзиши аслии яке аз маҳсулотҳои аслии содиршванадаи кишвар таъсир хоҳад расонид. Мӯҳлати баамалбарории тарҳ 1,5 солро ташкил медиҳад", — афзудааст вай.

Ба гуфтаи вазири рушди иқтисод, дар натиҷаи таҷдиди ширкат қувваи истеҳсоли коргоҳ то 500 ҳазор тонна алюминии аввалияро ташкил хоҳад дод. То охири имсол ТАЛКО нақша доштааст, ки бештар аз 149 ҳазор тонна алюминий истеҳсол кунад.

Моҳҳои март дар вокуниш ба гузоришҳои бархе аз расонаҳои Тоҷикистон дар бораи тақсими ширкат бо Чин ширкати ТАЛКО расман раддия дода буд.

Ин ниҳод ҳамчунин ёдоварӣ кард, ки "ТАЛКО корхонаи давлатӣ буда, кулли масоили вобаста ба фаъолият кардан ё бастан ва ё фурӯши он дар ихтиёри Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Ширкати "ТАЛКО" масъули нигаҳдории корхона, бозсозӣ, навсозии таҷҳизот, таъмини амалиёти тавлидии он то он замоне аст, ки давлат дар борааш қароре тасвиб накунад".