Тӯҳфа ва сипосномаи Аҳмадзода ба Комроншоҳ Устопириён

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба муносибати Рӯзи варзишгарон ҷамъомади тантанавӣ баргузор кард. Дар ин ҷаласа варзишкорони беҳтарини Суғдро қадршиносӣ шуданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 11 авг — Sputnik. Куштигири номии тоҷик Комроншоҳ Устопириёнро раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар Рӯзи варзишкорон барои дастовардҳояш қадрдонӣ кард. Дар ин бора дафтари матбуотии Ҳукумати вилояти Суғд иттилоъ медиҳад.

Бино бар иттилои манбаъ, раиси вилоят варзишкорону собиқадорони соҳа ва мураббиёни варзишро бо идашон шодбош гуфта, чанд варзишкорро  бо сипосномаву тӯҳфаҳо сарфароз кардааст.

Аҳмадзода ҳамчунин дар ҷаласа бурду бохти варзиши вилоятро таҳлил намуд.

"Дар  соли 2018 37 мусобиқаву чемпионатҳои вилоятӣ баргузор гардиданд, ки дар онҳо 1483 нафар варзишгарони вилоят, аз ҷумла 283 нафар духтарон дар 43 мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ, инчунин 65 нафар варзишгарон, аз ҷумла 8 нафар бонувон дар 16 мусобиқаҳои байналмилалӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ва ҷалби сарпарастон иштирок намуда, ба ҷойҳои намоён сазовор гардиданд", — гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Ҳамчунин давоми солҳои 2016-2018 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят беш аз 302 иншооти варзишӣ аз ҷумла, 212 майдонча, 85 толор, 1 кох, 2 ҳавзи шиноварӣ ва 1 варзишгоҳ ба маблағи 6 миллиону 395 ҳазор сомонӣ таъмиру тармим карда шуда, 159 иншооти варзишӣ, аз ҷумла, 132 майдонча, 17 толор, 2 ҳавзи шиноварӣ, 2 маҷмаа, 1 маркази фитнес-теннис ва чандин иншооти варзишии хурду бузург, бо сарфи беш аз 43 миллиону 551 ҳазору 460 сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ва ҷалби сарпарастон, сохта ба истифода дода шудаанд.

Интизор меравад, то таҷлили 30 солагии Истиқлолият дар вилоят боз 107 иншооти дигари варзишӣ сохта шавад.