ДУШАНБЕ, 10 авг — Sputnik. Неъматулло Ҳикматуллозода дар суҳбат бо "РИА Новости" изҳор доштааст, ки дар ҳоли ҳозир гуфтушуниде барои интиқоли нафти Эрон ба Тоҷикистон ҷой надорад.
Моҳи феврали соли 2016 мақомоти Эрон аз интиқоли 2,9 миллион литр газойл, маводе, ки барои коркарди нафт истифода мешавад, хабар дода буданд. Ин иқдом дар пайи лағви таҳримот алайҳи Эрон имконпазир шуда буд.
Инчунин солҳои қаблӣ масъулин изҳор дошта буданд, ки эҳтимол миёни Тоҷикистону Эрон лӯлаи интиқоли нафту газ ва об кашида шавад.
Феълан маводи сӯхт ба Тоҷикистон асосан аз Русия интиқол меёбад. Таъминкунандаи асосии кишвар бо гази моеъ Қазоқистон мебошад.
Эрон даҳ дарсади захираҳои нафти ҷаҳон, ҳудуди 132 миллиард баррелро доро буда, ҳамарӯза 4,2 миллион баррелро истихроҷ мекунад, ки аз ин 2,7 миллионашро ба хориҷ содир мекунад.