Боздошти корманди "Барқи тоҷик" барои қаллобӣ

Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон аз боздошти Баҳром Асоев, корманди шабакаҳои барқи ноҳияи Вахш хабар додааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 10 авг — Sputnik. Тибқи иттилои Ожонсӣ, Асоев дар сӯиистифода аз мақом ва фасодкорӣ муттаҳам шуда, барои кӯчондани симчӯби барқӣ аз замини як сокини маҳаллӣ пора талаб кардааст.

"Барқи тоҷик" ҷудо шуд: тақсими амвол идома дорад

Манбаъ мегӯяд, сокини ноҳияи Вахш ба Ожонсӣ муроҷиат карда, арз доштааст, ки Асоев барои кӯчондани симчӯби дорои ноқилҳои барқии 6000 кв аз замини наздиҳавлигияш дар ҷамоти Рӯдакии ноҳияи Вахш 5000 сомонӣ талаб карда истодааст.

"Асоев Баҳром Амонович, ҳангоми аз шаҳрванд "А" гирифтани маблағи 5000 сомонӣ,  дар ноҳияи Вахш, Ҷамоати деҳоти Рӯдакӣ, деҳаи Дустӣ дастгир карда шуда, маблағҳои мазкур аз ӯ ҳамчун далели шайъӣ мусодира гардидан", — изҳор доштааст.

Ожонсии зидди фасод мегӯяд, феълан алайҳи Асоев Баҳром барои қаллобӣ, бо моддаи 247 қисми 3 банди "а"-и Кодекси ҷиноятӣ, парванда оғоз гардида, тафтишоти он идома дорад.