Русия ба муҳоҷирони мубталои ВИЧ иҷозаи воридшавӣ медиҳад

Ҳукумати Русия масъалаи аз байн бурдани маҳдудиятҳоро нисбати муҳоҷирони мубталои ВИЧ баррасӣ мекунад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 9 авг — Sputnik. Ба шаҳрвандони хориҷие, ки гирифтори бемории ВИЧ ҳастанд, имкони медиҳанд, ки ба Русия ворид шаванд, гузориш медиҳад рӯзномаи "Известия".

Муовини вазири тандурустии Русия Сергей Краевой дар номае ба "Ҷамъияти мубталоёни ВИЧ дар Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ" аз ин иқдоми Русия хабар додааст.

"Ин масъаларо Ҳукумати кишвар бо ҷалби коршиносони вижа меомӯзад", — таъкид кардааст вай.

Дар соли 2018 дар Русия беш аз 42 ҳазор нафар гирифтори ВИЧ шудаанл. Дар маҷмӯъ дар Русия беш аз 1,2 миллион нафар бо ин вирус зиндагӣ мекунанд.

Бино ба иттилои Вазорати тандурустии Русия, дар кишвар дар бештарин ҳолатҳо муҳоҷирон аз  Укроина, Узбакистон, Тоҷикистон ва Молдова гирифтори ВИЧ мешаванд.

Феълан вориди гирифторони ВИЧ ба Русия мамнӯъ аст. Онҳо дар ҳоле ба кишвар омада метавонанд, ки хешу табори наздик дошта бошанд.