Баъди даҳ сол: милисаи Хуҷанд қаллоби бештар аз 60 ҳазор долларро дастгир кард

Муттаҳам даҳ сол пештар аз як сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо роҳи фиреб маблағи зиёдеро қарз гирифта, то имрӯз бар нагардонидааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 8 авг — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дар шаҳри Хуҷанд кормандони ВУД мардеро ба иттиҳоми қаллобии беш аз 60 ҳазор доллар дастгир кардааст.

Бино бар иттилои манбаъ, ин сокини 40-солаи шаҳри Хуҷанд аз моҳи ноябри соли 2007 то моҳи ноябри соли 2008, бо роҳи фиреб ба боварии марди 44-солаи сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров даромада, аз ӯ 3 ҳазору 200 евро ва 55000-доллари амрикоӣ гирифта, то хол барнагардонидааст.

Вазорати умури дохила менависад, баъди дастгиршавии марди қаллоб тафтишотро идома медиҳад.

 Пештар дар шаҳри Хуҷанд марде ба мақомоти милиса шикоят бурд, ки худравашро бо роҳи фиреб гирифта, пулашро надодаанд.

Шикоятбаранда- марди 32-солаи сокини шаҳри Хуҷанд, соли 2016 ба як марди хуҷандӣ автомашинаи "Лексусаш"-ро фурӯхта, то ҳол маблағашро нагирифтааст.

"Мошин 12 ҳазор доллар нархгузорӣ шуда, аз он танҳо 2 ҳазор долларашро гирифта, 10 ҳазор доллари боқимондаро то ҳол гирифта наметавонам", — навистааст дар аризаи шикоятиаш мард.

Муттаҳам, марди 27-сола, пештар бо моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шуда будааст.

Шӯъбаи ВУД дар шаҳри Хуҷанд аз рӯйи ин далел тафтишот мебарад.