Раҳимзода дар бораи модаркушии ҷангҷӯи тоҷик достон навишт

Ғояи ба намоиш гузоштани пиесаи "Дили модар" дар рафти ҳамкории театри Лоҳутӣ бо шоир Ниҳонӣ пайдо шуда, коргардон ва ҳунармандони театр онро амалӣ карданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 8 авг — Sputnik. Театри Лоҳутӣ достони "Дили модар"-и шоир Ниҳонӣ, вазири умури дохилаи Тоҷикистон-ро ба намоиш мегузорад. Интизор меравад, нахустнамоиши "Дили модар" 13 август дар театри Лоҳутӣ баргузор шавад. Дар ин бора ба Sputnik Тоҷикистон роҳбари бахши адабии театр Ортиқи Қодир хабар дод.

Ба гуфтаи вай, муаллифи достони "Дили модар" шоир Ниҳонӣ ва коргардони он коргардони соҳибкасб Қурбони Собир аст.

Тавре  роҳбари бахши адабии театр афзуд, намоишнома ба таври манзум ба саҳна гузошта шуда, аз саргузашти як ҷавони тоҷик, ки ба гурӯҳи ифротӣ пайваста саранҷом модари худро ба қалт мерасонад, нақл мекунад.

Театри Лоҳутӣ бо муаллифи достон шоир Ниҳонӣ ҳамкории зич доштааст.

"Ниҳонӣ на танҳо чун шоир, балки чун мансабдор бо театр алоқаи калон дорад.  Ӯ зуд-зуд бо ҳамкоронаш ба театр меояд. Ин иқдоми вазири умури дохила намунаи олӣ ба дигар мансабдорони тоҷик аст", — гуфт вай.

Ба гуфтаи Ортиқи Қодир, идеяи ба намоиш гузоштани чунин як пиеса дутарафа сурат гирифтааст.

"Ман шахсан пештар як шеъри Ниҳониро, ки "Ҳизби замин" ном дошт қироат карда будам. Онро Ниҳонӣ хуш қабул карданд. Пасон идеяи гузоштани чунин як намоишнома пайдо шуд ва мо бо шоир Ниҳонӣ онро амалӣ кардем", — афзуд ҳунарманди мардумии Тоҷикистон.

Нақшҳои асосиро дар пиеса Марям Исоева (модар) ва нақши писарро як донишҷӯи тоҷик бозидаанд.

Бори аввал нест, ки ашъори вазири умури дохилаи Тоҷикистон расонаӣ мешавад. Чунончӣ пештар хабар дода шуд, ки ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Афзалшо Шодиев шеъри "Эҳёи дӯстӣ"-и Ниҳониро оҳанг баст. Ин шеъри вазири умури дохилаи Тоҷикистон ба барқарор шудани муносибатҳои Тоҷикистону Узбакистон бахшида шуда, пас аз сафари раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев дар моҳи март ба Тоҷикистон расонаӣ гашт ва ахиран онро Афзалшо Шодиев дар рафти сафари ҳунарӣ ба кишвари ҳамсоя иҷро кард.