Боздошти муовини сардухтур ҳангоми порагирӣ дар ошхонаи "Эҳрон"

Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон аз боздошти Ғиёсиддин Абдураҳмонов, муовини сардухтури беморхонаи ҳарбии шаҳри Бустони вилояти Суғд хабар дод
Sputnik

ДУШАНБЕ, 8 авг — Sputnik.  Тибқи иттилоияи Ожонсӣ, Абдураҳмонов бо сӯиистифода аз мақоми хизматиаш ба боварии шаҳрванд "А" даромада, аз ӯ барои озод намудани сарбози қатории қисми низомии №04080-и Вазорати мудофиа дар шаҳри Конибодом ба далели беморӣ,  22 000 ҳазор сомонӣ талаб кардааст.

Муаллиму духтур дар сархати порахӯрони Тоҷикистон

Ба иттилои манбаъ аз маблағи талабкарда муттаҳам  17  ҳазор сомониашро дар се ҳолат гирифта, боз оварда додани маблағи 5  ҳазор сомонии боқимондаро талаб кардааст.

"Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ — тафтишотӣ,  Абдураҳмонов дар дохили ошхонаи "Эҳрон"-и шаҳри Бӯстон, ҳангоми аз шаҳрванд "А" гирифтани маблағи 5  ҳазор сомонӣ дастгир карда шуда, маблағи мазкур аз ў ҳамчун далели шайъи ёфта гирифта шуд", —омадааст дар иттилоия.

Ожонсӣ таъкид намудааст, ки алайҳи Абдураҳмонов Ғиёсиддин Занҷирович,   бо иттиҳоми қаллобӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишоти пешакии он идома дорад.