ДУШАНБЕ, 6 авг — Sputnik. Бонки Ҷаҳонӣ мегӯяд, Тоҷикистон ва кишварҳои дигари Осиёи Марказиро дар баробари хушксолӣ ва обуҳавои гарм, селу тарма, обхезӣ ва ярч дар пеш аст.
Тибқи гузориш Бонки Ҷаҳонӣ офатҳои табиӣ ба буҷети кишварҳои минтақа зарарӣ ҷиддӣ расонда, ба рушди иқтисод ва коҳишёбии сатҳи зиндагии мардум таъсири ҷиддӣ мегузорад.
"Таъсири офатҳои табиӣ барои ҳукуматҳои Осиёи Марказӣ мушкилоти зиёди фискалиро ба вуҷуд меорад. Тақрибан 25 дарсади аҳолии минтақа, ки дар соҳаи кишоварзӣ фаъолият доранд, аз таъсири обу ҳаво вобастагии зиёд доранд. Офатҳои табиӣ метавонад ба ҳосилхезии заминҳои кишти онҳо таъсирӣ ҷиддӣ расонад", — гуфта шудааст дар гузориш.
Дар ҳамин ҳол, зарари соҳаи кишоварзии Тоҷикистон аз хушксолии солҳои 2000-2001 назаррас буд. Дар он давра хисороти Тоҷикистон 4,8 дарсади ММД-ро ташкил дода буд.
Хушксолӣ зимистони хунук дар пай дошт ва соли 2008 дар натиҷаи сардиҳои зимистон вазъи иҷтимоӣ шиддат гирифта буд.
Бино ба гузориши манбаъ, офатҳои табиӣ ба соҳаҳои гуногуни тиҷорат низ таъсир мерасонанд. Шоҳроҳи асосие, ки аз самти кӯҳсори ҷануби Осиёи Марказӣ мегузарад, ҳар сол аз сел, сангрезиш, тармаву ярч зарар мебинад ва ҳаракати мошинҳои тавассути ин роҳ ғайриимкон мегардад.
Бонки Ҷаҳонӣ дар ҳамкорӣ бо дигар шарикони худ механизми нави маблағгузории хавфҳои офатҳои табииро барои минтақа таҳия дорад. Бонк мехоҳад ба кишварҳои минтақа кумак намояд, ки онҳо дар ҳолати сар задани офатҳои табиӣ устувор бошанд.
Қаблан Тоҷикистон дар натиҷаи офатҳои табиӣ беш аз 500 миллион доллар зарар дида буд.