Видеои порадиҳӣ ва боздошти ҷавони тоҷик: 110 сомонӣ додаст, ки ба Маскав равад

Дар гузаргоҳи роҳи оҳани "Оқсарой"-и вилояти Астрахан як ҷавони 28-солаи тоҷик боздошт шудааст, ки ҳаққи вуруд ба Русияро надоштааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 6 авг — Sputnik.Тавре расонаи "Ast-news" бо такя ба дафтари матбуоти раёсати Хадамоти амнияти федералӣ дар вилояти Астрахан хабар медиҳад, ҷавони тоҷик барои иҷозати сафараш ба Маскав ба корманди мақомоти марзбонӣ 10 ҳазору 750 рубли русӣ ва 110 сомонӣ додааст.

Масъулини мақомоти амният гуфтаанд, ки зимни боздошт ҷавони тоҷик муқобилият нишон дода, талоши фирор кардааст, аммо дар навор ин ҳолат сабт нашудааст.

Нисбати боздоштшуда ҳабси маъмурӣ ва барои пешниҳоди пора парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Бар асоси ин иттиҳом ба ҷавони тоҷик ҷарима, ё маҳрумият аз озодӣ таҳдид мекунад.