Ожонси зидди фасод: Сардори "Нафту газ"-и Тоҷикистон қонуншиканӣ кард

Ожонси мубориза бо фасоди молии Тоҷикистон аз қонуншикании Саидҷон Саидраҳмонзода, сардори корхонаи "Нафту газ"-и Вазорати энергетика ва захираҳои оби кишвар хабар додааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 6 авг — Sputnik. Тибқи гузориши Ожонси мубориза бо фасоди молӣ, Сарраёсати пешгирии коррупсияи ин ниҳод муайян намудааст, ки Саидҷон Саидраҳмонзода хилофи қонун дар бораи танзими ҷашну маросимҳои миллӣ амал кардааст.

Манбаъ мегӯяд,  сардори корхонаи "Нафту газ"-и Тоҷикистон дар бӯстонсарояш дар ҷамоати Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакӣ маросими чойгаштаки тӯйи духтараш  — Фарзонаро бо иштироки ҳофизон, хешу таборон ва ҳамкурсони арӯс баргузор намудааст.

Сайфиддин Назарзода шабакаи телевизюнии "Тоҷикистон"-ро ба додгоҳ кашид

Ожонси мубориза бо фасод ин амалро "дағалона вайрон кардани қонун" арзёбӣ карда, таъкид намудааст, ки маводи таҳияшуда барои чораандешӣ ба мақомоти дахлдор пешниҳод гардиданд.

Инчунин манбаъ аз қонуншикании Олимов Ҷаҳонгир, мақомдори ансамбли "Ориё"-и Кумитаи телевизион хабар додааст, ки хилофи талаботи қонун тӯйи писарашро бо иштироки 150 меҳмон дар хона ва баъдан бо ҳузури 150 меҳмони дигар дар тарабхонаи "Ненсӣ" таҷлил кардааст.

Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон аз шаҳрвандон даъват намудааст, ки меъёрҳои қонун дар бораи танзими ҷашну маросимҳоро риоя кунанд.

Қаблан Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳушдор дода буд, ки ҳар мансабдори тоҷик барои нақзи қонуни танзим аз мақомаш барканор хоҳад шуд. Дар пайи ин дастур  Сайфиддин Назарзода бо иттиҳоми нақзи қонуни танзим аз мақоми мудири Китобхонаи миллӣ барканор шуда, бо ҳукми додгоҳ 12 ҳазору 500 сомонӣ ҷаримабандӣ гардида буд.