Бозгашти модари тоҷик бо 3 кӯдак аз Сурия: раҳмат барои пазироии роҳгумзадаҳо

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз бозгашти як модари тоҷик бо се кӯдакаш аз Сурия хабар додааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 5 авг — Sputnik.  Тибқи гузориши ВУД, Муаттара Муҳаммадиева, сокини 42-солаи шаҳри Душанбе бо даъвати бародараш, Шодихон, ба Туркия ва аз он ҷо ба Сурия рафтааст.

"Дар Туркия маро бародарам пешвоз гирифт ва аз он ҷо ба Сурия рафтем. Тӯли чор моҳ дар Сурия қарор доштем. Аз хона берун намебаромадем, овози тиру туфангро мешунидем", — изҳор дошт Муҳаммадиева.

Фоидаи муҳосиби "ДИИШ" аз фиристодани 14 тоҷик ба Сурия: аз 1 нафар 5 ҳазор рубл мемонд

Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, ин модари тоҷик баъди дарки воқеият, ки фиреб хӯрдааст, бо мусоидати мақомоти тоҷик ҳамроҳи кӯдаконаш ба Ватан баргашта, мавриди афв қарор гирифтааст.

Муҳаммадиева ба роҳбарияти Тоҷикистон изҳори сипос кардааст, ки роҳгумзадаю фиребхӯрдаҳоро афв намуда, барои бозгашташон ба зиндагии осоишта мусоидат мекунад.

ВУД таъкид намуд, ки феълан Шодихон Муҳаммадиев, бародари Муаттара, барои иштирок дар ҷанги кишварҳои хориҷӣ мавриди пайгард қарор дорад.

Манбаъ изҳор доштааст, ки то ҳол даҳҳо шаҳрванди Тоҷикистон бо изҳори пушаймонӣ аз Сурия ва Ироқ баргашта, баъди афв ба ҳаёти осоишта баргаштаанд.