Аҳмадзода ба зиёрати оромгоҳи Шамси Табрезӣ ва Нақибхони Туғрал рафт

Дар аснои боздид Раиси вилоят ба роҳбарияти ноҳия дастур дод, ки ҷиҳати муаррифии бештари иншооти нодири таърихӣ ва дар сатҳи зарурӣ нигаҳдорӣ намудани он бояд корҳои зарурӣ ба сомон расонида шавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 3 авг — Sputnik. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар доираи сафар ба ноҳияи Айнӣ аз мақбараи шоирони маъруфи тоҷик Шамси Табрезӣ ва Нақибхони Туғрал дидан кард, хабар медиҳад дафтари матбуотии Ҳукумати вилояти Суғд.

Бино бар иттилои манбаъ, мақбара ва осорхонаи Нақибхон Туғрал дар зодгоҳаш деҳаи Зосун қарор дорад ва он соли 2015  ба таҷдиду навсозӣ фаро гирифта шуда, Маҷмааи таърихӣ-фарҳангии Нақибхон Туғрал таъсис дода шуд.

Гуфта мешавад, маҷмаа ба муносибати 150-солагии шоири нотакрор бунёд гардида, аз оромгоҳи шоир, фаввора, муҷассамаи шоир ва айвони бо усули меъмории миллӣ кандакоришуда иборат аст.

Оромгоҳи Мавлоно Шамси Табрезӣ ки дар Ҷамоати деҳоти Шамтуч воқеъ аст. Мавлоно Шамсиддин Муҳаммад ибни Алӣ ибни Маликдоди Табрезӣ яке аз шахсиятҳои камназири олами ирфон маҳсуб ёфта, аз муршидони асосии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ба шумор меравад. Тибқи бархе ривоятҳо Шамси Табрезӣ дар деҳаи Вешаби Ҷамоати деҳоти Шамтуч дафн карда шудааст.

Дар ин мавзеъ Аҳмадзода бо сокинони деҳа суҳбат намуда, изҳор дошт, ки ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Айнӣ сохтмони як қатор иншооти гуногун, аз ҷумла варзишгоҳ, ҳавзи шиноварӣ, боғи истироҳативу фароғатӣ, меҳмонхона сохта мешавад.