Порахурон бо ҷарима халос намешаванд: минбаъд Тоҷикистон ришваситонҳоро зиндон мекунанд

2 августи соли равон Маҷлиси миллии маҷлиси олии Тоҷикистон пешниҳоди ҳукумати кишварро дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба баъзе аз моддаҳои кодекси ҷиноятӣ, ки тибқи он ришваситонҳо минбаъд зиндонӣ мешаванд, дастгирӣ намуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 2 авг — Sputnik. Вакилони Маҷлиси миллии Маҷлиси олии Тоҷикистон тағйиру иловаҳои ҳукумати Тоҷикистонро ба кодекси ҷиноятӣ дарстгирӣ намуданд, хабар медиҳад хабаргузории ТоҷикТа.

"Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон 2 августи соли равон пешниҳодҳои ҳукумати кишвар дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳоро дар баъзе аз моддаҳои қодекси ҷиноятӣ дастгирӣ намуд. Тибқи тағйиру иловаҳо шахсоне, ки ба ришваситонӣ муттаҳам мешаванд, наметавонан дигар бо супурдани ҷарима озод шаванд. Онҳо аз озодӣ маҳрум мегарданд",- гуфта мешавад дар иттилоъи манбаъ.

Лозим ба ёдоварист, ки вакилони Маҷлиси намояндагон ҳанӯз 10 феврали соли 2016, тағйиру иловаҳои пешниҳодкардаи ҳукуматро дастгирӣ карда буд. Тибқи тағйиру иловаҳои воридшуда, нафароне, ки ба додан ва гирифтани ришва муттаҳам мешавад, бо пардохти ҷарима аз маҳбас озод намешавад.

Тибқи моддаи 319 кодекси ҷиноятии Тоҷикистон шахсе, ки барои гирифтани ришва айбдор мешавад, аз 5 то 12 сол маҳкум хоҳад шуд, ҳатто дар баъзе ҳолатҳо мусодира молу амвол низ пешбинӣ гардидааст.