ДУШАНБЕ, 1 авг — Sputnik. Ҳайъати намояндагони илм ва фарҳанги Тоҷикистон дар доираи таҳкими ҳамкории судманди илмию фарҳангии Тоҷикистону Узбакистон ва сафари давлатии қарибулвуқӯи раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба Узбакистон сафар кардаанд. Дар ин бора дафтари матбуотии Вазорати фарҳанги ҶТ хабар медиҳад.
Ҳайъати панҷоҳнафараи намояндагони фарҳанг ва илми Тоҷикистонро, ки имрӯз, 1 август ба Тошканд сафар кардаанд, вазири фарҳанг Шамсиддин Орумбекзода ҳамроҳӣ мекунад.
"Аҳли илму зиёи тоҷик дар доираи сафарашон ба Узбакистон, ки то 4 август идома меёбад, аз шаҳрҳои қадимаю бостонии Самарқанд боздид намуда, бо аҳли зиё ва фарҳанги ин кишвари дӯст ва ҳамсоя вохӯрию мулоқот анҷом медиҳанд", — гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.
Бояд тазаккур дод, ки дар ҳайати баландпояи аҳли зиё ва фарҳанги Тоҷикистон, ҳамзамон раисони Кумитаҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон шомиланд.