Муаллиму духтур дар сархати порахӯрони Тоҷикистон

Кормандони мақомоти Ожонсии мубориза бар зидди фасод 334,7 млн. сомонӣ зарар ба буҷаи давлатиро ошкор намуданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 1 авг — Sputnik. Сулаймон Султонзода, раиси Ожонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия 1-уми август зимни нишасти хабарӣ гуфт, тайи шаш моҳи аввали соли ҷорӣ дар вазорату идораҳои Тоҷикистон 665 тафтиш сурат гирифта, зарари молиявӣ дар ҳаҷми 334,7 млн. сомонӣ ошкор шуд.

Ожонси мубориза бо фасод аз мардум кӯмак металабад: бетараф набошед!

Ба гуфтаи вай аз зарари ошкоршуда, 182,3 млн. сомонӣ ба буҷаи давлат баргардонида шуд. Зимни тафтиши ширкати "Барқи Тоҷик" зарари молиявӣ дар ҳаҷми 8,4 млн. сомонӣ ошкор шуд.

Ба гуфтаи Султонзода, дар ин давра беш аз 1,3 ҳазор ҷиноятҳои фасодкорӣ ошкор шудааст. Инчунин, Ожонсии мубориза бар зидди фасод ҷиноятҳои иқтисодии марбут фасодкорӣ ва ҷиноятҳои вобаста ба андозро ошкор кардаст.

Тибқи иттилои Ожонсӣ соҳаи маориф, тандурустӣ ва заминсозӣ дар сархати ниҳодҳои фасодзадаи Тоҷикистон қарор доранд.

"Дар нимсолаи аввали соли равон, дар вазорати тандурустӣ ва зерсохторҳои он 66 ҷиноят ошкор шудааст. Инчунин дар сохторҳои Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезӣ 64 ҷиноят ва дар сохторҳои Вазорати маориф 63 ҷинояти фасодкорӣ ошкор шудааст", — афзуд раиси ожонсии мубориза бар фасод.