ДУШАНБЕ, 1 авг — Sputnik. Аҳмадзода зимни нишасти хабарӣ гуфт, дар заминаи 10 ҷамъияти саҳҳомии низоми "Барқи тоҷик" ду ниҳоди нав таъсис дода шуданд.
Ӯ аз ниҳодҳои нави низоми энергетика — ҶСК "Шабакаҳои интиқоли барқ" ва ҶСК "Шабакаҳои тақсимоти барқ" ном бурд.
Ба гуфтаи Аҳмадзода феълан танзими масъалаҳои молу мулкии ҷамъиятҳои таъсисдодашуда идома дорад.
"Ба эҳтимоли зиёд то охири сол ин ду ҷамъият ба фаъолият мепардозанд", — изҳор дошт Аҳмадзода.
Таҷдиди сохтори "Барқи тоҷик", ки низоми гидроэнергетикии Тоҷикистонро дар ихтиёр дорад, бо қарори Ҳукумат ва машварати созмонҳои байналмилалӣ амалӣ мешавад. Ба иддаои созмонҳои байналмилалӣ таъсиси сохторҳои алоҳидаи мустақил барои беҳбуди вазъи молии соҳаи энергетикаи кишвар мусоидат мекунад.
Феълан "Барқи тоҷик" калонтарин ширкати қарздор дар Тоҷикистон ба шумор рафта, ба иттилои Оҷонсии зидди фасод тайи нимсолаи гузашта аз ҳама зиёд ба давлат зиёни молӣ расондааст. Тибқи иттилои Оҷонсии зидди фасод давоми 6 моҳи гузашта дар "Барқи тоҷик" зарари молиявӣ ба андозаи 8,4 миллион сомонӣ ошкор шудааст.