Додситонии кулли Тоҷикистон ҳодисаи ҳамла ба сайёҳонро тавзеҳ дод

Нисбати ҳодисаи мазкур бо аломати тероризм ва одамкушӣ парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот таҳти роҳбарии бевоситаи додситони кулли Тоҷикистон Юсуф Раҳмон идома дорад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 1 авг — Sputnik. Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 31-уми июл бо интишори хабаре  дар вебгоҳаш ҳодисаи куштори гардишгаронро дар Данғара тавзеҳ дод.

Бино бар иттилои манбаъ, се ҳамлагар  пас аз пахш намудани сайёҳон  аз мошин берун омада, бо мақсади куштан  бо корду табар ба узвҳои ҳаётан муҳими сайёҳон ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ расонида, аз ҷои ҳодиса ғайб заданд.

"Дар натиҷа 4 нафар шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла шаҳрвандони ИМА ва Швейтсария  дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, 2 нафари дигар шаҳрвандони — Нидерландия  ва Швейтсария  дар ҳолати вазнин ба беморхонаи ноҳияи Данғара бистарӣ карда шудаанд", — менависад манбаъ.

Супориши Раҳмон баъди ҳодисаи Данғара: дар ВУД шӯъбаи сайёҳии милиса ташкил шуд

Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ҷойи ҳодиса таъҷилан ҳозир шуда, аз рӯйи ҳодиса бо аломатҳои терроризм ва одамкушӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда, ҷиҳати ошкоркунии ҷиноят ва дастгир кардани ҷинояткорон амалиётҳои таъхирнопазири тафтишотӣ-оперативиро ба роҳ монданд.

Манбаъ меафзояд, ҳангоми кофтукови ҷинояткорон бо ёрии сокинони ноҳия автомашинаи дар содиркунии ҷиноят истифодагардида дар деҳаи Торбулоқи ноҳия дарёфт карда шуд. Баъдан ҷинояткор Абдусамадов Ҳусейн Абдусамадович дастгир карда шуда, ҷинояткори дигар Юсупов Аслиддин Садриддинович бинобар нишон додани муқобилият безарар гардонида шуд.

"Дар вақти азназаргузаронии ҷойи ҳодиса ва автомашина далелҳои шайъӣ, ба монанди корд ва табари хунолуд, як телефони дастӣ, 2 борхалта, пойафзоли варзишӣ, 2 адад шиноснома ба номи Маҷидов Асомиддин ва Сафаров Зафарзода ва сокинони ноҳияи Панҷ дарёфт ва гирифта шуданд", — таъкид мекунад додситонӣ.

Ба иттилои додсионӣ, ҳангоми пурсиш дастгиршуда Абдусамадов Ҳ.А. тасдиқ кардааст, ки ӯ роҳбари дастаи террористӣ мебошад.

"Онҳо ин амалиёти террористиро бо супориши Қорӣ-Носир ном шахс — аъзои фаъоли ташкилоти экстремистӣ-террористии Ҳизби наҳзати ислом бо мақсади халалдор сохтани амнияти ҷамъиятию давлатии Тоҷикистон содир намудаанд. Пас аз содир намудани ҷиноят онҳо мақсад доштанд, ки ба воситаи ноҳияи Панҷ ба Афғонистон фирор намуда, бо гурӯҳҳои террористӣ пайваст шаванд", — менависад манбаъ.

Ҷузъиёти ҳодисаи Данғара: ВУД ҳамларо кори "ҲНИТ" хонд

Тафтишот муайян кардааст, ки фармоишгари ҷиноят Қорӣ-Носир ин Убайдов Носирхуҷа Аҳтамович мебошад, ки аз соли 1992 аъзои фаъоли ташкилоти экстремистӣ-террористии Ҳизби наҳзати ислом буда, аз соли 2015 дар кофтукови расмӣ қарор дорад.

Манбаъ дар анҷом таъкид кардааст, ки тафтишоти ҳодисаи мазкур  таҳти роҳбарии додситоним кулл  Юсуф Раҳмон идома дошта, амалиётҳои зарурии тафтишотӣ гузаронида шуда, ҳама ҷинояткорон дастгир карда шуданд.

Зимни тафтишот дигар ҳолатҳо, аз қабили акти террористӣ, куштор, садамаи нақлиётӣ, ғоратгарӣ ва роҳзанӣ  низ дида баромада мешаванд, афзудааст додситонӣ.