Шаби сешанбе, 31 июл дар ҷумҳурии Африқои Марказӣ як гурӯҳ рӯзноманигорони рус нопадид гаштанд, ки барои таҳияи барномаи махсус ба ҶАМ рафта буданд.
Пас аз чанд соат ҷасади онҳоро дар наздикии шаҳри Сибю пайдо намуданд. Дар бадани онҳо осори тир дида мешуд. Онҳо бо худ гувоҳномаи рӯзноманигорӣ доштанд.
Рӯзноманигор Орхан Ҷамол-писари фаъоли иҷтимоии машҳури рус Ҳайдар Ҷамол, оператор Кирилл Радченко ва коргардон Алесандр Расторгуев дар ин кишвар дар бораи ширкатҳои низомӣ филми мустанад омода мекарданд.
Дӯсти наздики Орхан Ҷамол Максим Шевченко ин ҳодисаро ба радиои Sputnik Белорус тавзеҳ дод.
"Ман медонисттам, ки Орхан ба ин кишвар барои омода кардани филми мустанад дар бораи ширкатҳои хусусии нмзомӣ рафта буд. Пештар бо вай сӯҳбат доштам, шоду саломат буд ва нақшаҳои зиёд дошт. Гумон меравад, ки онҳоро ба вохӯрие даъват карда, дар роҳ парронидаанд. Ба фикри ман ин камини тарҳрезишуда буд, муттаҳамон хуб медонистанд, ки кӣ ба куҷо меравад. Ин куштори тарҳрезишудаи сиёсӣ буд", — мегӯяд Шевченко.
Ба гуфтаи вай, рӯзноманигорон мавзӯеро баррасӣ мекарданд, ки ба манфиате нафаре мухолифат мекард.
Вазорати умури хориҷаи Русия бо Ҳукумати ҶАМ дар ин масъала гуфтушунид дорад.