Супориши Раҳмон баъди ҳодисаи Данғара: дар ВУД шӯъбаи сайёҳии милиса ташкил шуд

Вазифаи шӯъбаи нав роҳбаладии сайёҳон, додани маълумоти зарурӣ ба онҳо, кӯмак расонидан ба сайёҳони хориҷӣ, ҳифз намудани манфиати сайёҳон, пешгирии ҷинояткорӣ дар байни сайёҳон ва содир гардидани ҷиноят нисбати сайёҳон гуфта мешавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 1 авг — Sputnik. Дар назди Шӯъбаи милиса дар масоили экологии ВУД шӯъбачаи сайёҳии милиса  таъсис дода шуд, хабар медиҳад Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон.

Бино бар итттилои манбаъ, шӯъбаи мазкур бо супориши кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба тозагӣ ба фаъолият шурӯъ кард.

Гуфта мешавад, вазифаи шӯъбаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, таъмини амният, роҳбаладии сайёҳон, додани маълумоти зарурӣ ба онҳо, кӯмак расонидан ба сайёҳони хориҷӣ, ҳифз намудани манфиати сайёҳон, пешгирии ҷинояткорӣ дар байни сайёҳон ва содир гардидани ҷиноят нисбати сайёҳон мебошад.

"Минбаъд агар лозим шавад бо хоҳиши сайёҳон кормандони шуъбачаи сайёҳӣ роҳбаладии сайёҳонро то ҷои лозима дар дохили кишвар анҷом дода, амнияти онҳоро таъмин менамоянд", — таъкид мекунад манбаъ.

Ба иттилои манбаъ, кормандони шуъбаи сайёҳии милиса бо якчанд забони хориҷӣ озодона муошират намуда, мутахассиси соҳаи худ мебошанд.

Ёдрас мешавем, чанде пеш дар шоҳроҳи Данғара чанд гардишгар дар пайи ҳамлаи муттаҳамон кушта шуда, чанд тани дигар ҷароҳат бардоштанд. Пас аз ҳодиса бо супориши раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон барои муайян ва дастгир кардани ҷинояткорон гурӯҳи корӣ созмон дода шуд.

Ҳамчунин Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи ҳукуматӣ ҳодисаи куштори гардишгаронро дар Данғара баррасӣ карда, супориш дод, ки дар саросари кишвар тартиботи ҷамъиятӣ таъмин ва тадбирҳои амниятӣ пурзӯр карда шавад.