ВУД: ронандаи фирорӣ боздошт шуд

Нурислом Муҳаммадиев дар ҳолати мастӣ ва бе ҳуҷҷат мошин ронда, ду ноболиғро пахш кардааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 1 авг — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабар медиҳад, ки кормандони милисаи Душанбе ронандаи фирориеро, ки ду ноболиғро пахш карда, аз ҷойи ҳодиса фирор карда буд, боздошт гардид.

Бино бар иттилои манбаъ, ҳодиса 31-уми июл, тахминан соати 16:30 рух додааст.

Гуфта мешавад, ронандаи автомашинаи тамғаи номаълум, ҳангоми ҳаракат аз самти кӯчаи Тунис ба самти кӯчаи Б обоҷон Ғафурови шаҳри Душанбе аз ӯҳдаи идораи автомашина набаромада, пиёдагардони ноболиғ, Исоев Мустафои 9-сола ва   ва Шокиров Ризвони 7-соларо зер карда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Дар натиҷа, ноболиғон ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта дар беморхона бистарӣ гардидаанд.

"Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои бозҷӯӣ  кормандони милитсия ронандаи автомашинаи тамғаи "Мерседес-Бенс-200" Муҳаммадиев Нурислом Гизулаевич, соли таваллудаш 1968, сокини кӯчаи Тунисро, ки пеш бо моддаи 104 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бе ҳуҷҷатҳои ронандагӣ ва дар ҳолати мастӣ қарор доштааст, дастгир намуданд", — омадааст дар иттилои манбаъ.

Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.